Ба шарафи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

05 Ноябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода конференсияи илми-амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия – Бахтномаи миллат аст» баргузор гардид.
Дар конференсия муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода баромад намуда, ҳозиринро ба солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамзамон номбурда қайд кард, ки «қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард». 

Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин иброз намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастовард барои миллату мардуми шарафгавҳари мо буда, ин неъмати давлатдорӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ зарурати қабули қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки халқи Тоҷикистон буда, дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби сиёсии кишвар 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян сохта, муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард ва барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароити созгор муҳайё намуд.

Ҳамчунин дар назди ҳозирин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикаистон: таҳия ва қабули он», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои байналмилалӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, дар  рушди қонунгузории мамлакат» баромад намуданд.
Ҳамзамон миёни иштирокчиён ва маърӯзагарон перомуни арзишҳои маънавию сиёсӣ ва бунёдии Конститутсия саволу ҷавоб доир гардид.

Илова кунед