Мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷа ва вакилони порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи тағирёбии иқлим

05 Ноябр 2021, Ҷумъа

5.11.2021. Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Бритонияи Кабир (Англия) мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷа ва вакилони порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи тағирёбии иқлим баргузор гардид.
Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар кори ин ҳамоиши байналмилалӣ дар реҷаи маҷозӣ (он-лайн) иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади хеш  Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иброз намуд, ки мулоқоти имрӯзаи мо,  дар чаҳорчӯби Конфронси 26-уми ба тоза анҷомёфтаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид оид ба ӯҳдадориҳои Созишномаи Париж роҷеъ ба амалиёти иқлим босуръат ҷараён дорад. Ин падида нишон медиҳад, ки ҳамаи мо то чӣ андоза амиқи нигарониҳои марбут ба тағирёбии иқлим ҳастем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафҳо ва масъулияти ҳифзи иқлимро ҷонибдорӣ менамояд. Итминони комил дорем, ки Созишномаи Париж бояд василаи асосие гардад, ки саъю кӯшишҳои кишварҳоро, дар мубориза бо сабабҳои тағйирёбии иқлим муттаҳид созад ва афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣиро ҷилавгирӣ кунад. 
Кишвари мо,-гуфт Муҳаммадраҳим Юсуфӣ мавқеи миллии худро дар посух ба муроҷиати СММ оид ба муқаррароти Созишномаи Париж, роҷеъ ба нигоҳ доштани ҳарорати миёнаи сайёра изҳор намуда, дар ин раванд,  дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Сарфи назар аз он, ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера дар миқёси ҷаҳонӣ ночиз аст, бо вуҷуди ин, кишвари мо аз ҷиҳати тағйирёбии иқлим яке аз осебпазиртарин кишварҳо ба шумор меравад. Имрўз бахшҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим дучор омадаанд.
Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки мушоҳидаҳои тӯлонӣ аз афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
Тибқи ин мушоҳидаҳо, дар тӯли шаст соли ахир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа боло рафта, басомад ва шиддати ҳодисаҳои табиии обуҳавошиносӣ афзоиш ёфтааст.
Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон ҳаводиси табиъӣ дар шакли обхезӣ, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ ворид мекунад.
Бояд қайд намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро оид ба маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ пурра иҷро мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар таҳким ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас оид ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба захираҳои об саҳми арзанда доранд. Дар доираи Стратегияи ислоҳоти системаи давлатии хоҷагии об ва Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба аксари қонунҳо аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи арзёбии таъсири муҳити зист», «Дар бораи партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ», инчунин «Дар бораи Барномаи комплексии рушди маърифати экологӣ ва маърифати аҳолии Ҷумҳурии Тотористон барои солҳои 2021-2025» тағӣироту иловаҳо ворид карда шудаанд.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки истифодаи иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои минтақа бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди «иқтисоди сабз» метавонад дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣи ба атмосфера саҳми ҷиддӣ гузорад.
Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати идомаи ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти тағирёбии иқлим, ноил шудан ба бетарафии карбон ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ самимона манфиатдор аст.
Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони парлумонҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Илова кунед