Бо иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Тоҷикобод се муассисаи таълимии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

09 Ноябр 2021, Сешанбе

Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода  ва дигар меҳмонону сокинон муассисаи таълимии рақами 22-и  деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, муассисаи таълимии рақами 6-и деҳаи Нушори Ҷамоати деҳоти Нушор ва муассисаи таълимии рақами 10-и деҳаи Гулистони  ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода зимни кушодашавии ин муассисаҳои таълимии замонавӣ сокинони ноҳияро бо 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба тарбияи дурусти фарзандон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ,  дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сокинони ҷумҳурӣ ва муҳайё намудани шароити таҳсил барои насли наврас мулоҳизаҳои судманд баён намуд.
Дар ҷараёни ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии деҳаи Бӯстон  зикр гардид, ки бинои кӯҳнаи ин муассисаи таълимӣ дар натиҷаи заминларзаи 10 июли соли 2021 пурра ба ҳолати садамавӣ дучор гардида буд. Хушбахтона,  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин ин муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Иншооти муассисаи мазкур аз як ошёна иборат буда, барои 144 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дорои 6 синфхона, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мебошад.
То ин дам хонандагони муассисаҳои таълимии деҳаи Нушору деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод дар биноҳои кӯҳнаю фарсудаи садамавӣ таҳсил менамуданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои пайвастаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ соҳиби биноҳои замонавӣ гардиданд.  Муассисаи таълимии рақаи 6-и деҳаи Нушор аз ду ошёна иборат буда,  дорои  640 ҷойи нишаст мебошад.  Инчунин муассисаи таълимии рақами 10-и деҳаи Гулистон аз ду ошёна иборат буда, дар он 572 хонанда  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои компютерию компютерҳои замонавӣ таъмин мебошанд. Се муассисаи таълимие, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, дар онҳо барои гузаронидани зимистони дар пешистода шароити гармидиҳӣ муҳайё мебошад.
Зимни кушодашавии ин муассисаҳои таълимӣ аз тарафи   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони ҶДММ «Нурофарид Сохтмон” ва ҶДММ «Баракати Сарбанд»  сипосномаҳои Вазорати маориф супорида шуданд.

Илова кунед