«Роғун» миллионҳо кошонаро пурнӯр мегардонад

11 Ноябр 2021, Панҷшанбе

16 ноябр дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи бобаракат аст. Маҳз дар ин рӯз 29- сол муқаддам чорабинии бузурги наҷотбахши миллат- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Аз соли 2016  санаи мазкур дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Инчунин се сол муқаддам (соли 2018) дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғун»- ро ба кор дароварданд.
Ин чорабинии фараҳбахш бо иштироки доираи васеи меҳмонони дохилию хориҷӣ сурат гирифта, ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта буд.
Расо 5 сол пеш Сарвари давлат 29 октябри соли 2016 савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 дақиқа бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин маросими бошукӯҳ Пешвои миллат чунин иброз намуданд: «Дар Тоҷикистон манбаҳои нафту газ ва истихроҷу коркарди сӯзишворӣ ба қадри кофӣ нестанд, вале захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад».
Тавре ҳамагон  медонанд, солҳои қабл мардуми кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар як шабонарӯз 2-3 соат барқ мегирифтанд. Моҳи январи соли 2008 бошад аз сабаби сармои шадид дарёҳо ях баста, интиқоли неруи барқ дар баъзе минтақаҳо чанд рӯз қатъ гардид.
Бинобар ин Ҳукумати мамлакат таъмини  истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар карор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли равон баён намуданд, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар  ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, боз 17 лоиҳа ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.
Дар ин давра зиёда аз 2000  мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт- соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт- соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки бе сохтмони НБО «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст. Неругоҳи мазкур дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аз боло нуҳум буда, 110 километр  дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Он аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди НБО «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт- соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ  дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» якуним баробар зиёд аст. Ғунҷоиши об дар обанбори он 13,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои  поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон баландшавии нархи сӯзишворӣ ва камшавии захираи нафту газ ба иқтисоди бисёр давлатҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар чунин вазъият истифода бурдан аз неруи барқи обӣ, ки аз лиҳози экологӣ тоза мебошад, айни муддаост. Ин нуктаро Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: «Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба «энергияи сабз», ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои  атмосфера  кам карда шавад».
Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, намояндагони халқу миллатҳои гуногун машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра»-и Россия Александр Проханов пас аз  боздидаш аз ин иншооти бузург хотираҳояшро дар «Роғун» муъҷизаи зери кӯҳ» ном мақолааш чунин нагоштааст: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» сохтмони президентӣ буда, дастранҷи бо қадртарини Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ӯ онро ҳамчун ёдгоре аз бунёдкориҳои худ мерос мегузорад. Вай аз тамоми ҷаҳон бинокорону муҳандисонро гирд оварда, буҷети  мамлакатро чунон ба назар гирифтааст, ки барои сохтмони Неругоҳ аз он ягон  доллари қарзӣ сарф нашудааст…».
Баъзе  бадандешон дар гузашта мағал бардошта буданд, ки  сохтмони неругоҳи «Роғун» боиси  бе обёрӣ мондани ҳазорон гектар замин дар  кишварҳои поёноб мегардад. Аммо Пешвои миллат бо ҳамон самимияту тамкини ба худ хос  иброз  доштанд, ки ҷумҳуриҳои ҳамсоя бе об  нахоҳанд монд: «Мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ  сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем… Бо масъулияти тамом  иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки  ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва бе ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем».
Ҳақ бар ҷониби Певшои миллат аст. Имрӯз дар шароите, ки тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба муҳити зисти минтақа зарари  калон мерасонад, сохтмони  неругоҳҳои барқи обӣ иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару  безарар  истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ба шумор  мераванд.
Аз тарафи дигар давра ба давра ба истифода додани  чархаҳои навбатии неругоҳи «Роғун» раванди саноатикунонии мамлакатро густариш дода, боиси таъсисёбии ҳазорон ҷойи нави корӣ мегардад. Ва он рӯз дур нест, ки нури неругоҳи «Роғун» кошонаи ҳамватанони моро мунаввартар карда, неруи барқи изофаи он ба кишварҳои ба мо дӯст содирот шаванд.
 
Узви Кумитаи энергетика, саноат,
сохтмон ва коммуникатсия, вакили 
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Маҳмудзода Музаффарҷон

Илова кунед