Иҷлосияи XVI наҷотбахши истиқлолият.

12 Ноябр 2021, Ҷумъа

«Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард».
                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон.
 
Маълум аст, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ба асари тағйироту таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ, ки боиси фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид, як қатор кишварҳои наве дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ намуданд. Дар ин раванд баробари дигар  ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳувияти мустақил ба даст оварда, аз истиқлолияти комили давлатӣ бархурдор гардид. Ба ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои мустақилу комилҳуқуқи муносбатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва шинохта шуд.
Ҳақиқати бе баҳс аст, ки халқи шарафманди тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ бар асари ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯзгори басо пуртаҳаввул, шебу фарозҳои зиёд, комгорию нокомиҳои бисёреро пушти сар карда, маҳз туфайли ақлу идрок, хиради азалӣ, сиришти поку мубарро ва таҳаммулпазирию ҳушмандиҳои бесобиқааш бо шарафмандию сарбаландӣ маҷрои дурусти ҳаёти худ, роҳи рушди босуботи зиндагӣ ва масиреро, ки ба сӯи зиндагии ҷовидона мебарад, пайдо карда, дар он собитқадамона гом ниҳодааст. Чуноне, ки қаҳрамони миллат Бобоҷон Ғафуров қайд менамояд: «Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем».
Дар ҳамин таҳкурсии боэътимод, мардуми куҳантаърихи тоҷик, ки парчамдори корвони башарият дар паҳнои ҷаҳон маҳсуб мешуд, бо ба даст овардани истиқлолияти милливу давлатии хеш шукӯҳу азамат ва эътибору ифтихори худро ба таври боиставу шоиста ҳифозат мекард. Вале дар ҳамаи давру замонҳо кам набуданд бадхоҳону неруҳои аҳримание, ки дастоварду музаффариятҳои дар дарозои таърих ба даст овардаи ин миллати беҳисоб ҷафои таърих чашида, чун хор ба чашмашон мехалиданд, таҳаввулоту пешрафтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангиашро дида наметавонистанд ва бо истифода аз усулҳои муғризона ва фишангҳои гуногуни ноҷавонмардонаи муборизаҳо, бахусус барангехтани низоъу тафриқа, тарсу воҳимаю таҳлука ва ҳар он чизе, ки ташаккули андешаи миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва ҳамраъию якмаромӣ ва якпорчагии марзу бумро метавонист зери суол барад, истифода мебурданд. Мутаассифона, ин навбат низ, халқи тоҷик аз ин неъмати атоӣ ҳанӯз ба таври кофӣ баҳравар нагардида буд, ки бадхоҳон ва нотавонбинони ин миллати фарзона сарзамини зебову чаманосои ин кишвари маҳбубро ба гирдоби фоҷиаҳо ғуттавар намуда, ба хуни сокинонаш рангин сохтанд. Бар асари ин ҷанги таҳмилии ҳамватанӣ бисёре аз бародарони ҳамхуни мо оламро падруд гуфта, қисме аз онҳо дар мамлакатҳои бегона паноҳ бурда заҳри ғарибӣ чашиданд, бисёр занону хоҳарон бешавҳар ва фарзандони онҳо ятиму бепарастор монданд. Ҳамчунин, кишвар талафот ва хисороти ҳангуфти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дида, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Кор ба ҷое расид, ки шохаҳои хокимияти давлатӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматии худ набаромада фалаҷ гардиданд ва мамлакатро беҳокимиятиву бенизомӣ фаро гирифта, хавфи амиқи ба маҳалҳои ҷудогона тақсим шудан ва ҳатто аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон мардуми моро таҳдид мекард.
Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнини буҳронӣ ва пуршиддати кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум, аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 бо асари нооромиҳо ва ҳатто даргириҳои мусаллаҳона дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе не, балки дар минтақаи ҳамон лаҳзаҳо нисбатан амнтар, дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир гардид, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро муайян намуд.
Маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он тавассути заҳматҳои шабонарӯзи, азхудгузаштанҳо ва бо шарофати сиёсати фарогир, пайгирона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон, ки ба сулҳу ваҳдати комилу сартосарӣ, якпорчагии марзу бум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини сатҳи шоистаи зиндагии мардум оварда расонид ва халқ дар атрофи ин сиёсат муттаҳид гардид, иҷлосияи тақдирсоз унвон гирифт, заминаи боэътимоди бунёдгузории ҳукумати қонуниву конститутсионӣ, худшиносии миллӣ ва оғози таъмини сулҳу субот дар кишвар гардид.
Мусалламу муайян аст, ки илму фарҳанг, расму ойин, мазҳабу кеш, забон, марзу бум, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот ҷавҳару бақои миллат ба ҳисоб рафта, ҳар як миллат маҳз ба василаи ҳамин арзишҳо ба таърих ва тамаддуни ҷомеаи башарӣ ворид мегардад. Мардуми маърифатдӯсту тамаддунофари тоҷик анъаноти волои гузаштагони хешро ҳифз намуда, ба такя ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, аз дер боз миллати худро ба ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ ҳидоят карда, ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ қадам мегузорад.
Таърих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон, собиқаи таъриху фарҳанги тӯлонӣ дорем ва аз ҷиҳати равониву рӯҳия дорои вазъи хосе ҳастем, ки аз дигар миллатҳо бофарҳангофариву башардӯстӣ, меҳмоннавозиву сулҳпарварӣ, ваҳдатдӯстиву ҳамдигарбахшӣ ва дигар сунатҳои хоссаамон фарқ мекунем.
Аз маҷмӯи матолибе, ки ишора кардем ошкор мегардад, ки сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон роҷеъ ба сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу эътиқодоти дигар миллату халқиятҳо хусусияти умумибашарӣ дошта, реша дар қаъри асрҳо дорад. Чи хеле, ки қаблан ишора шуд, ҷавҳари андешаи миллӣ дар фарҳанги ҳамон миллат таҷассум ёфта, тадриҷан дар сиришту ниҳоди фарзандони ҳамон миллат ба ҳадди камол мерасад. Ситоишу тасвири ахлоқи ҳамида, пархошу набард алайҳи нерӯҳои бадӣ, муборизаи оштинопазири некӣ бар бадӣ, ки дар шараёни миллати тоҷик ҷараён дорад, дар осори устуравию таърихӣ, адабиву оммавии ниёгонамон ба ҳукми анъана даромада буд. Корнамоиву ҷонфидоӣ, далериву қаҳрамонӣ, муқаддас доштани обу хоку ҳавои кишвар, дифоъ аз эътиқоду ихлос, арҷ гузоштан ба ҳамватан, риояи эҳтироми кулли мардуми сайёра, нишон додани ҳиммату ҷавонмардӣ ва амсоли инҳо, ки ҳамчун усори тафаккур, ҷавҳар ва моҳияти андешаи миллии пешгузаштагони мо қарор дошт, дар гузориши Сарвари Кишвар, дар сесияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми пурраи худро ёфт.
Бидуни шакку тардид, тарғибу ташвиқи ин иҷлосияи тақдирсоз ва шарҳу эзоҳи қарору қонунҳои дар ин ҷаласа қабулшуда, дар байни омма моро ба сӯи ифтихори ватану ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ба самти ваҳдату ягонагӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба марзу буми кишвар ва монанди инҳо раҳнамоӣ карда, дар боз ҳам тақвият ёфтани сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат менамояд,
Баробари қатъ шудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пойдор гардидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар асоси тадбиқи амалии қонуну қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст омад, дар тамоми самтҳои иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дигар самтҳои хоҷагии ҳалқ комёбиҳои назаррасе ба вуқӯъ пайвастанд.
Аз ҷумла, ифтихормандона метавон гуфт, ки боигарии асосии миллӣ ва давлатӣ, аҳолии кишвар қариб ду маротиба афзоиш ёфта, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то ба 75 сол боло рафта, сатҳи камбизоатӣ то ба 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи бебаҳси он аст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум тамоюли устувору амиқи болоравӣ дорад.
Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки ормонҳои миллӣ ҳамчун симати асосии бақои миллат ва пойдории давлат ба сифати ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат барномрезӣ шуда, давра ба давра тадбиқи амалии худро ёфтанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои саривақтиву барномарезиҳои дурусти давлату ҳукумат ва ба ҳамин васила ривоҷ додани самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз қабили даҳҳо ҳазор гектар афзун намудани майдонҳои кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ, ба бештар аз дусад ҳазор гектар расонидани майдони боғу токзор, имтиёзҳои ба самтҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳидорӣ додашуда, ки ба рушди самтҳои зикршуда такони ҷидди бахшид ва амсоли инҳо тадбирҳои андешидашуда, ки дар маҷмӯъ  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро бамаротиб афзун намуд, амнияти озуқавории кишварро таъмин гардонид.
Тадбирҳои мутассил ва ҳадафманди роҳандозишуда дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ба аҳолӣ ва иқтисодиётӣ миллӣ, аз қабили сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хоса ба истифода додани навбати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Помир-1», Неругоҳи барқи обии «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2», навбати якум ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷуда, ки дар маҷмӯъ истеҳсоли нерӯи барқро то ба 21 миллиард киловат расонид, инчунин кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасрафу сарфакоронаи он, натанҳо мушкилоти норасогии барқро рафъ намуд, балки ба содироти он заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Ноил шудан ба ҳадафи дигари стратегии кишвар, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ низ кори саҳлу осон набуд. Ҷумҳурии азизамон, ки саросар кӯҳсор мебошад, бинобар набудани роҳҳои ҷавобгӯ ба шароити ҷуғрофии мамлакат ҳамасола дар давраҳои тирамоҳу зимистон ва ҳатто аввалҳои баҳор ба қисматҳо ҷудо шуда, дар натиҷа аз як минтақа ба минтақаи дигари ҷумҳурӣ рафту омади одамон ва гардиши молу маҳсулот қатъ мегардид. Маҳз иродаи матин, ҷаҳду талошҳои пайваста ва заҳматҳои хастанопазири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар натиҷаи сохтмон, таҷдид ва таъмири 2200 км роҳ, 237 адад пул, 5 адад нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ ва 219 км роҳи оҳан бо 5 адад пул ва 3 адад нақб, натанҳо ин мушкилии ҳангуфт рафъ гардид, балки Тоҷикистони азизамон ба як кишвари аз ҷиҳати роҳҳо рушдкардаву транзитӣ ва васлгари кишварҳои минтақа табдил ёфт. Чуноне, ки дар робита ба ҳамин масъала Президенти маҳбубамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 иброз намуданд: «Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда, имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда, зинаи 50-умро ишғол намуд».
Бо мақсади гузаштан аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ, танҳо дар соли 2020-ум бештар аз 300 корхонаҳои хурду бузурги нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷои корӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа теъдоди корхонаҳои саноатӣ то ба 2274 адад расонида шуд. Имрӯзҳо бо шарофати ҷашнгирӣ аз сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд суръати бесобиқа касб намуда, ҳамарӯза дар гушаву канорҳои ватани маҳбубамон даҳҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатии таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуда истодааст.
Албатта инъикоси рушду тараққиёти босуръати кишвар ва номбар намудани ҳамаи дастовардҳои он дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ дар доираи як мақола, рисола ва ё як китоб намеғунҷад. Бинобар ҳамин, бо ишора ба чанде аз онҳо иктифо намуда манзурамон он аст, ки ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Президент ва Ҳукумати кишвар аст, ки он ҳам бошад ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба амал омадааст. Маҳз қарорҳои тақдирсозу наҷотбахши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки натанҳо барои таҳкими сулҳу ваҳдат, балки дар натиҷаи ваҳдати миллӣ ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Инак имрӯзҳо бо шукргузориҳои хоса, мардуми озодаву фаҳрехтаи кишвари азизамон, зери таассуроти неку мутантан ва хотирмони таҷлил аз сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии сартосарӣ, таҳти раҳнамуиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи созандаву амалҳои бунёдкорона ва пешрафту шукуфоии ватани маҳбубамон - Тоҷикистон, дар арафаи ҷашнвораи бистунуҳумин солгарди ин санаи муҳими тарихӣ қарор дорад.
Дар иртибот бо ин бовариамон комил аст, ки халқи шарафманди Тоҷикистон бо арҷгузорӣ аз музаффариятҳои истиқлолият ва эҳтироми хоса ба якояки вакилон ва қонуну қарорҳои сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, ки наҷотбахши истиқлолияти давлатӣ гардидааст, бо таҳрезии нақша - чорабиниҳои махсуси ҷашнӣ сиюмин солгарди онро бо дастовардҳои афзуни меҳнатӣ дар хамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, баробар ба шукуҳу шаҳомат ва нусрату ҷалоли истиқбол аз сиюмин солгарди истиқлолият, ҷашн хоҳанд гирифт.
 
Вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шодиён М. С.
Файзуллозода З. Х.
Азиззода Ғ. М.
 

Илова кунед