Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» дар 9 моҳи соли 2021» мавриди баррасии вакилони мардумӣ қарор гирифт

12 Ноябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи « Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои   соли 2021» дар 9 моҳи соли 2021» баргузор гардид.
Дар оғоз зимни баромади хеш Маҳмадтоир Зокирзода  иброз намуд, ки Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина иҷрои босифати Буҷети давлатӣ яке аз афзалиятҳои асосии мақомотҳои дахлдор ба ҳисоб меравал.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қайд намуданд, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида    равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерўи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст».
Дар ин раванд тавсия мегардад, ки пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷроиши он бо    назардошти ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ва таъмини истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ, саривақт амалӣ намудани лоиҳаҳои муштаракаи сармоягузории давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар доираи  стратегияву барномаҳои давлатии қабулгардида,   имконпазир мебошад.

Итминони комил дорем, ки муҳокимаи  парламентии имрўза ва қабули тавсияҳо ба  истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ мусоидат намуда, ба таъмини иҷрои сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Баррасии масъалаи мазкур пеш аз ҳама барои ислоҳи камбудию норасоиҳои дар иҷроиши буҷети соли ҷорӣ ҷойдошта мусоидат менамояд.

Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди ҳозирин бо гузориш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед, муовини  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода, Раиси палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чилазода  баромад намуданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ, баъди музокираҳо роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.

Илова кунед