Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги умумимиллист

12 Ноябр 2021, Ҷумъа

Тавре маълум аст, 15-уми апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16-уми ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. 16 ноябри соли 1992, замони пуршиддати вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон Иҷлоиси ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар он роҳи ҳалли бӯҳрони ба амал омада дарёфт гардида, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Сарвари Давлат интихоб гардид.
Мо ҳамчун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостем ба ифтихори солгарди ин санаҳои муҳими таърихӣ ибрози андеша намоем.
Ба шарофати роҳбарии ин шахсияти бузурги таърихӣ дар рӯзҳои мушкилтарини печидаву мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар қалбу дидаи халқи мо шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоиста фурӯзон гардид.
Сарвари Давлат аз рӯзҳои нахустини по бар арсаи раҳбарӣ ниҳодан ҳамчун раҳбару раҳнамо, ворису пешвои тоҷикон шинохта шуд ва ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаашон боиси дастгирии тамоми аҳли сайёра гардид.

Баъди он, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани таѓйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба он мусоидат кардан, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми арсаҳои давлатдорӣ рушд ёбад ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон бо гузашти беш аз ҳазор сол таҳкиму устувор гардад.
Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти як қатор созмон ва ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ пазируфтава, ба расмият шинохта шуд. Имрӯз ҳама шоҳиди он ҳастем, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатамон роҷеъ ба масъалаҳои муҳимибайналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо карданд ва ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат гардидааст.
Иҷлосияи таърихӣ бо қабули 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба барқарор кардани пояҳои сохти конститутсионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон замина гузошт, рушди ҷомеа ва низоми аз байн рафтаи онро муайян ва роҳҳои қонунии ҳалли онҳоро мушаххас кард. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия ояндаи кишвари мо ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардид.
Тавре маълум аст, кишвари мо то соли 1997 пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориён ба шумор мерафт. Бо мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои фидоии миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро борҳодардавлатҳое, киҳамчун нозир дар ин раванд иштирок менамуданд, гирди ҳам овард.

Дар ин ҷараён, саҳми ҳамсоя давлатҳо ва давлатҳое, ки воқеан ҳам сулҳи тоҷиконро мехостанд, аз ҷумла: Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳо боризу назаррас буд. Зеро, ин   давлатҳо бехатарии гурӯҳҳои музокиракунандаи ҳарду ҷонибро дар ҳудуди кишварашон таъмин намуда, шароит муҳайё мекарданд, ки гурӯҳҳое, ки сулҳи Тоҷикистонро намехостанд дар ин раванд халал нарасонан два давраҳои навбатии гуфтушунидҳои тарафайн дар фазои орому ҳамдилӣ гузаронида шаванд. Дар он шабу рӯз бо назардошти ноустувор будани вазъи сиёсии кишвар баргузории чунин вохӯриҳо кори саҳл набуд.
Ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Дар ин робита хидматҳои қиёснопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд махсус қайд кард, ки дар шароити набуди камтарин имкониятҳои молӣ барои таъсису ҳастии як миллати мустақилу воҳид иқдом намуд ва рисолати ниҳоят бузургеро дар назди таърих ба анҷом расонд.
Зимни ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (15-уми апрели соли 2016) вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд: “Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст”.
Аслан, тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҷашни ифтихории ҳарякшаҳрвандихудшиносуватандӯсти Тоҷикистони навин аст.
Ҳарчанд дар кишвар ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ бо рамзу намод, анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёданд ва сокинони мамлакат онҳоро ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд, аммо миёни ин ҳама ҷашнҳо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мардуми шарифи кишвари офтобиву шукуфоямон нақш ва мақоми хоссадорад. Зеро таҷлили шукӯҳмандиин санаи арзишманд моро водор баон месозад, ки самимияту эҳтироми хосса ва арҷгузориҳои худро дар ин рӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни бузурги умумимиллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ, бузургдошти Ватану миллат аст. Воқеан Президент ва Пешвои мо ШАХСИЯТИ БОРИЗИ СИЁСӢ ВА ЛИДЕРИ УМУМИМИЛЛӢ шинохта шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми шарифи кишварро бо ин ҷашнҳои бузурги миллӣ, ки оѓози марҳилаи созандагӣ ба хотири ваҳдати комили сартосарӣ ва сулҳу субот, аст,табрику таҳният намуда, таманно дорам, ки дар оянда низ, мо даст ба дасти ҳамдигар дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузорем.
 
Вакилони Маҷлиси намояндагони
Ма
ҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон,
аъзоёни Кумитаи аграрӣ,
захираҳои об ва замин
Латифзода Рустам Барот,
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ,
Ахмедов Мирзоанвар

Илова кунед