Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва мактаби давлатсозии Пешвои миллат

12 Ноябр 2021, Ҷумъа

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории  тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърихи сиёсиро дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, инъикоси симои инсоне, ки миллатро дар кутоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст, тасвири корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада Ваҳдат, субот, амният оварда,  ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуда, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи  дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт  намудааст, кори саҳл нест. Зеро инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи солиёни зиёд зимоми давлатдориро аз даст дода буд, дубора сари қудрат овард,  соҳиби давлат кард ва ба халқи ноумед умед оварда, ба ҷои кинаву адоват ваҳдату дӯстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор дидгоҳи васеи назариву амалиро тақозо дорад.
Соли 1992 Иҷлосияи таърихиву тақдирсози  ХУ1 Шӯрои Олӣ  дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаи наҷоти  миллат ва давлатро дар интихоби дурусти роҳбари нав гузошта буд.  
Вакилон ҷавони ҳақиқатгӯ ва адлгаро Раҳмонов  Эмомалӣ Шарифовичро интихоб карданд ва иштибоҳ накарданд. Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди  сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоб саривақтӣ, таърихӣ  ва дуруст буд.
  Назди Роҳбари ҷавон вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсоз қарор доштанд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми танзими муносибатҳои иҷтимоӣ  буд.  Ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали идораи давлат, ки тавонад халқро аз балои омада халос намояд. Яъне идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида,  мардумро  ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад.  
Дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он буд, ки ташаккули давлати мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва Эъломияи истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 ҳанӯз идома дошт. Раванди мазкур на танҳо аз назари қонунӣ ба итмом нарасида буд, балки давлат то ҳанӯз рамзҳо ва аломатҳои муҳимми қонунии ифодакунандаи худро пайдо накарда буд. Ин рамзҳо ва ин аломатҳоро давлат таҳти Роҳбарию ҳидоятҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон касб кард.
Масъалаҳое, ки Роҳбари ҷавони давлат 29 сол муқаддам дар ҳалли онҳо иқдом намуд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ буданд: «таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд.» (аз Муроҷиатномаи 12 декабри соли 1992)  Дарвоқеъ, ҳамин Муроҷиатномаи нахустини ӯ барномаи мушаххаси бунёди давлати комилан муосири миллӣ ва демократӣ буд, ки паси ҳар сатри он воқеаҳо, ҳодисаҳо, пешравиҳо, масрафҳои моддию маънавӣ  ва ислоҳоти азим истода буданд, ки барои нахустшунавандаҳо орзую армон буда, имрӯз барои мо воқияти бебаҳс гаштаанд.
Баъдан, ислоҳоти низоми идора таҳти се ислоҳоти конститутсионӣ (солҳои 1999, 2003, 2016 ) се давраи мукаммалро паси сар намуда, дар кишвар институти президентии комилан  халқӣ, парлумони касбӣ, Ҳукумати ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ, ҳокимияти судии мустақил, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, интихоботи шаффофи Президент, парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, институти ҳуқуқи инсон – ваколатдор дарёфти расмии Пешвои миллат,  давра ба давра заминаҳои ҳуқуқии худро пайдо карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ ба сафи давлатҳои миллии муосир ҳамроҳ намуд. 
Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ӯ албатта ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан  қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат - Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.
Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХУ1 маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо “Дар бораи гурезагон”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992” бо вуҷуди он, ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ  буданд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мӯҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”
Тавре маълум гашт, Пешвои мардумӣ қадам ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрате дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кутоҳ хомӯш созад. Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.    
 Интихоби роҳи дурусти таърихии рушди давлат ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи навбатии тақдирсоз барои ҳар миллати дар бунёди давлати хеш камарбаста маҳсуб мешуд.  Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибати халқ бо мардуми ҷаҳон аз он мазмун мегирад, нуқтаи ибтидоии ин роҳ ба шумор мерафт. Нуқтаи ибтидоии ин роҳро низ Роҳбари ҷавон дуруст дарёб намуд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Роҳбари давлат ин ҳаққи табиии  халқро эҳтиром гузошта таъкид намуд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Дар ин фикр - чанд ҳикмат нуҳуфта. Аввал ин, ки Роҳбар ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ кард. Сониян, ҳамчун роҳбари мардумсолор иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайваст. Солисан, хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ кард.    
Бо дастур ва ҳидояти бевоситаи Роҳбари давлат Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияро ба муҳокимаи умумихалқӣ баровард. Лоиҳае, ки бо мағзу устухони Роҳбари ҷавони  давлат дар мубориза ва талошҳои пайвастаи ӯ пухта расида, меъёрҳои он орзую омоли чандҳазорсолаи халқро бо ниятҳои неки Пешвои миллат таҷассум мекарданд, яке аз аввалинҳо шуда, дар собиқ давлатҳои шӯравӣ аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Баъдан Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби ташхисгарони хориҷӣ дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё эътироф шуд.
Танҳо ҳамин хизмати Роҳбари давлат арзиши онро дорад, ки ӯро чун “падар ва асосгузори” Конститутсия ва давлати муосири тоҷикон эътироф намоем.
Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити вазнин ва тақдирсоз, ки манфиатдорони беруна дасти халқи онро ба хун олуда кардаанд, ҳифзи истиқлоли давлатист. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ ҳадафи ҳама амалиёти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар масири давлатдории навини тоҷикон чӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ дар замони баъди он буд.  
Эълони солҳои 2020 -2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба таҳияи заминаҳои илмии саноатикунонии босуръати давлат (ҳадафи чорум) роҳ кушода, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - ватани азизи ман” ба тарбияи инсони солеҳ, содиқ ва ватандӯст асос гузоштанд. Бо ин ҳама эҳёгариҳо ӯ ба саволи таърихии “Мо кистем, хотираи таърихии мо аз чӣ иборат аст ва ба куҷо рафтан мехоҳем?”ҷавоби санҷидашудаи тақдирсоз дод.  Ин ҳама асосҳои ғоявии ҳифзи истиқлолияти давлатиро дар паҳнои андешаи ҷомеа таҳия намуда, роҳи тафаккури ҷомеа ва  миллатро ба сӯи худшиносии миллӣ ҳамвор гардонида, манбаъҳои назарӣ ва ғоявии муҳофизати манфиатҳои давлати муосири тоҷиконро ҳамчун сипар коркард карданд.  
Рушди демократия ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар замони нав бузургтарин дастоварди ҷомеаи инсонист, ки хатти марказии рушди халқу миллатҳоро барои даҳсолаҳои оянда ташкил дода, ченаки асосии баҳогузорӣ ва қадршиносии халқу миллатҳо дар масири таърих баромад менамояд. 
Яке аз дастовардҳои бузурги Роҳбари давлат дар замони муосир таъмини фазои озоди демократӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ, заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ва рӯ овардан ба сиёсати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  Фазои озоди демократӣ халқи тоҷикро ба ҷараёни анъанаи давлатдории пешқадами ҷаҳонӣ шомил намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, ки миллати тоҷик қудрат дорад ва метавонад ҳастӣ ва рушди  ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии худро мисли дигар ҷомеаҳои пешрафта дар асоси дастовардҳои навин роҳандозӣ намояд. Дар ин замина Тоҷикистон тибқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ интихобот ва райъдиҳиҳои умумихалқиро дар солҳои 1994, 1999,2000, 2003,2005, 2006, 2010, 2013, 2015, 2016 ва 2020 баргузор намуда,  дар майдони сиёсат ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ворид сохта плюрализми сиёсиро таъмин кард. Тоҷикистон таҳти роҳбарии ин шахс беш аз даҳҳо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷонибаю дуҷониба ба имзо расонида, ба аъзогии чандин ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ шомил шуд.  
Омили муҳим ва қисми таркибии  дастоварди дигари  Эмомалӣ Раҳмон, дарки дуруст ва сиёсати амиқи ҳалли масоили глобалӣ ва ҳалталаби кишвар буд.  
Ӯ ҳамчун сиёсатмадори моҳир, давлатмарди барҷаста ва шахсияти фавқулода  аз рӯзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан на танҳо мушкилиҳои давравӣ ва масъалаҳои ҳалталаби рӯзмарра ва замонавии халқро сари вақт дарк карда, вобаста ба шароитҳои таърихӣ ва имкониятҳои мавҷуда  дар доираи манфиатҳои миллат ва давлат онҳоро ҳал мекард, ӯ инчунин тавонист ба ҳайси як Роҳбари стратег ва дурбин аз байни масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилиҳои иҷтимоию иқисодӣ ва фарҳангию маънавӣ 5 масъалаи тақдирсоз ва ҳаётии мардумро ошкор сохта, сиёсат ва тамоюли рушди давлатдориро ҷиҳати ҳалли онҳо равона намуда, нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии халқро ҷиҳати рафъи онҳо муттаҳид созад: а) баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ; б) таъмини амнияти  озуқаворӣ  в) таъмини истиқлолияти энергетикӣ;  г) саноатикунонии босуръати мамлакат  ва аз ин равоқ бузургтарин захираи табиии кишвар - обро ҳамчун мушкилии байналмилалӣ ба сарвати табиии воқеии миллат ва ҷаҳон  табдил додан.
Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаи таҳқиқ ва мунсифона нигоҳ кунем, усули таҳлили параллелии амудӣ ва уфуқии таърихиро дар корнамоиҳои ин шахс ба инобат гирем,  ба чунин хулоса мерасем:  Агар Рӯдакӣ адабиёти порсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон»  нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихии  халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид карда бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор кард, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кӯшишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард.
Мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастиаш сарчашмаи худогоҳӣ, худшиносӣ, ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстӣ ва эҳёгари таъриху фарҳанги пурғановати ниёгон аст.
Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.
Ба қадри Ӯ расидан, номи Ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи Ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқолият буда, қадршиносӣ аз Давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
 
Вакили  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон                         
Файзуллозода З.Х.

Илова кунед