Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон

15 Ноябр 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣаз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода И., вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қ., Хайрулло А.,  Аҳмадзода Б., Раҳматзода Р.ва Холбойзода Н. бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифатҳо байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қонуни амалкунанда соли 2017 қабул шуда, тибқи лоиҳа пешниҳод мегардад, ки ба он таҒйиру иловаҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои нав, яъне мафҳумҳои «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)», «кластерҳои саноатӣ», инчунин муайян намудани бархе аз принсипҳои нави танзимкнандаи муносибатҳои соҳа ворид карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, тибқи қисми 1 лоиҳа ба мафҳумҳои дар моддаи 1 Қонун истифодашуда, илова намудани мафҳумҳои нав ба монанди «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)» ва «кластери саноатӣ» пешбинӣ карда мешавад.
Бо мақсади рушди босуботи соҳаи саноат дар заминаи муқаррароти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда мешавад, ки ба моддаҳои 3 ва 4 Қонун вобаста ба вазифаҳо ва принсипҳои Қонун сархатҳои нав илова карда шаванд.
Бо назардошти ташаккул ва рушди фаъолият дар соҳаи саноат мувофиқи қисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки дар моддаҳои 8, 10, 14 меъёрҳои дахлдор оид ба татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, аз қабили пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок тариқи қарзҳои бонкӣ пешбинӣ карда шуда, моддаи 12 бинобар таҒйир ёфтани танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба дастгирии молиявии соҳа хориҷ карда шавад.
Илова ба ин, мутобиқ ба талаботи қисми 9 лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ба боби 2 қонун моддаҳои 91 ва 92 илова карда шавад. Дар боби мазкур муқаррарот оид ба паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), кластерҳои саноатӣ ва дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди лоиҳаи қонун як қатор истилоҳу ибораҳо мувофиқ карда шуда, меъёрҳо ва сохтори баъзе моддаҳои Қонун мушаххасу саҳеҳ гардонида шуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таҒйироту илова баҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таҒйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова кунед