«Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат» аст

16 Ноябр 2021, Сешанбе

Бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, баргузории як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо,  имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат аст» баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, иброз намуд, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо чӣ бо гузашти зуҳур ва чӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди эътироф ва ифтихору арҷгузорӣ қарор мегиранд.
Чунин шахсият дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки дар бораи фаъолияту маҳорати давлатдории ў асарҳои пурмуҳтавои мондагор, китобу сарводаҳои бешумор ва филмҳои ҷолибу сазовори зиёде пешкаш гардидаанд.
Гарчанде доир ба ҳаёту фаъолияти ӯ навиштаву наворҳои бешуморе рӯи кор омада бошанд ҳам дар асл, Президенти кишвари мо ниёз ба муаррифӣ надоранд, зеро он кас шахсияте мебошанд, ки бо дили бузургу иродаи оҳанин ва истеъдоди фавқулодаи роҳбарию фаъолияти пурсамарашон соҳиби эътирофи сиёсатмадорони сатҳи олии мамолики олам ва эҳтирому ифтихори тамоми тоҷикистониёну тоҷиктаборони дунё гардидаанд.


Бо истифода аз фурсат, имрӯз дар бораи Пешвои маҳбубу муаззами миллат сухан мегӯем ва дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ин рўзро бо меҳнати фидокорона ба Ватани маҳбубамон, худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ, самимияту эҳтироми хосса пешвоз гирифта, ба он арҷ гузорем.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин изҳор намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнҳои гуногуни миллӣ бо барномаҳои фарҳангию сиёсӣ, ки муаррификунандаи ғановати бузурги маънавӣ, анъана ва суннатҳои куҳанбунёди мардуми мо мебошанд, дар сатҳу сифати шоиста баргузор мегарданд ва мардум онҳоро бо шодию сурур ва дилгармию ифтихормандиҳо истиқбол мегиранд.
Дар баробари самимияту эҳтиром ба Рӯзи Президент, ки имрўзҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, барои қадршиносӣ ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои Сарвари давлат ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва вориси эътирофшудаи тоҷикони ҷаҳон муҳимияти хосса дорад.
Ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии орому осудаи мардум аст, ки дар як муддати кутоҳ соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ рушд карда, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд.
Хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар раванди тағйироти муосири бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла рушди босуботи иқтисодӣ, бунёди неругоҳҳои барқӣ, ҳалли проблемаҳои коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷорӣ намудани сиёсати афзалиятноки давлатӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо таҳти Сарварии Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Аз ҳама муҳимаш Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, рукнҳои дигари давлатдории худ, аз ҷумла артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро аз сифр оғоз карда, ба вуҷуд овард ва рушди устувору бесобиқаи онро таъмин намуд.
Илова бар ин, Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ барқарор намуд.
Инчунин, Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Дар баробари ин, Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони мардуми тоҷик саҳми барҷаста гузошта, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса доранд, ки на танҳо боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон, балки муҷиби ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.
Фикр мекунам дар бораи нақш ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванди бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона чи қадаре, ки сухан гўем, кам аст.
Зеро, маҳз самараи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони навин дар муддати кутоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.
Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддӣ дар масири рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Боиси хушҳолию қаноатмандист, ки бо пешниҳоди аҳли эҷоду зиё дар асоси ризоият ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд.
Ин раванд воқеияти арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.
Ниҳоят, иброз менамоям, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рўйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дастуру ҳидоятҳои ин абармарди нотакрор ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хизмат хоҳад кард.
Бори дигар ҳамаи Шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегўям.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо роҷеъ ба мавзўи «Нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ»,   Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам роҷеъ ба мавзӯи «Ниҳоди Президентӣ дар ташаккули давлати соҳибистиқлол», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам роҷеъ ба мавзӯи «Пешвои миллат эъмори давлатдории таърихи навини тоҷикон» ва вакилони Маҷлиси намояндагон  Холмаҳмадзода Солеҳа роҷеъ ба мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ», Ҳуснигул Одиназода ва Музафарҷон Маҳмудзода  баромад намуданд.                       
Дар китобхонаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои «Чеҳраҳои мондагор», «Забон- ҳастии миллат», «Соле, ки ба қарнҳо баробар аст», «Ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар рушди давлати соҳибистиқлол» баргузор гардид.



Илова кунед