Президенти мардумии мо

16 Ноябр 2021, Сешанбе

Ин мафҳум барои миллати ман бегона нест. Ин мафумест, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо муҳаббат ва самимияти хос вирди забон меоранд ва ифтихор доранд. Президенти мардумии мо.
Чаро маҳз Президенти мардумии мо? ин унвонро ба Пешвои муаззами миллат ин мардуми баруманду созанда ҳанӯз аз аввалҳои барқарор намудани давлати пора-порагаштаву парокандаи тоҷик, ки аз дасти нобакорон ва ҳасудхурону душманони дохиливу  берунаи он ру ба нестӣ оварда буд, хос медонанд?
Зеро агар саҳифаҳои таърихро варақ гардонем, ин маҳбубтарин инсон тавонистааст, ки пас аз ҳазорсолаҳои дигар, ба ин мардум ва сарзамини он озодӣ, ободӣ, оромӣ, ваҳдат оварда, давлати навин ва пуриқтидори Точиконро ташкил дода, онро ба ҷаҳониён ҳамчун сарзамини хеле қадима, мардуми тамаддунофару умри зиёда аз ҳафтҳазорсол дошта, шаҳрсоз, шаҳрдор, китобу қаламдор, мактабу маорифпарвар, фарҳанги володоштаву олимону орифонаш бо ихтироотҳои бадастовардаашон дар гузашта ва имрӯза марҳилаҳои илмро таккон дода, ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ намудааст.
Гузаштаи пурҳассос ва дардноки миллати баруманди тоҷик гувоҳ аст, ки ҳар нафас ин мардумро парокандагӣ ва ин сарзаминро порашавӣ домангир буд. Зеро ҳуҷумҳои пай дар пайи душманони кишвари азизамон ин сарзаминро абгор ва мардумашро сарсону саргардон карда буданд.
Албатта, пас аз пош хурдани Иттиҳоди шуравӣ Тоҷикистон ба сарзамине мубадал гашта буд, ки гӯё бори дигар муғули хунхор ба ин сарзамин лашкар кашида,  онро ба хоку хун ғарқ кардааст. Мардум пароканда, гуреза дар мулки Афғонистон, сарзамин дар коми оташ афтода, ба қисматҳо пора гашта, зану фарзандони ҳар хонадон бесарпаноҳ монда буданд. Зиёда аз 150000 ҳазор дар ин ҷанги тоҷиккуш фавтида,  55000  нафар ятими кул гардида, зиёда аз 1000000 миллион нафар бесарпаноҳ монда буданд.
Марҳилаи хеле ҳассосу тақдирсоз барои ин миллат солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки бо барҳам хурдани низоми Шӯравӣ, давлатҳои собиқ шӯравӣ роҳи истиқлолияти худро пеш гирифтаанд, ки Тоҷикистон дар қатори онҳо буд ва бо даргириҳои зиёди хисоротоваранда ва парокандагӣ рӯ ба рӯгардида буд.
     Барои побарҷо нигоҳ доштани ин мулки ғамзада ва мардуми сарсону саргардон дар мулкҳои ҳамсояҳо паноҳбурда, нафаре бояд ба майдон меомад, ки тавонад ин парокандагӣ ва сарсониро бартараф намуда,  мулкро тинҷу ором нигоҳ дорад. Дар он замони хеле ҳассос ва пуртуғёну парокандагиҳо дар ин майдон нафаре ҷилои нангу номуси хешро ба ҳамватанон ошно сохта, сарҷамъии мардумро бар ӯҳда гирфта гуфт: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.». Бале, ин ҷавонмарди бонангу номус, сарсупурда, нотарсу, ватанпарвар, саршор аз меҳри ватану сарзамин ҷавони далер - Эмомали Раҳмон аст. ӯ тавонист дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 1000000 миллион гурезагонро, ки дар хоки Афғонистон паноҳ бурда буданд, ба ватан баргардонида, барои аз сари нав сохтани манзилҳои аз оташи ҷанг хокистанр гаштаашон кӯмаки маънавӣ ва моддии хешро сарҷамъона бо мардуми шарифи ватани азизамон дареғ надошт. Ҳарчанд дар хоки ҳамсояамон Афғонистон, ки  ҳам мардумаш ва ҳам хокаш барои мо дар гузашта ва имрӯз ҳам бегона набуданду нестанд, ҳамхуну, ҳамфарҳангу, ҳамзабону, ҳамнажоданд мазори ғарибони тоҷик макони абадӣ пайдо кард, ки дар он манзили охират зиёда аз 12000 ҳамватанони мо ба хоби абадӣ рафтаанд. Ин мазори гурезагони тоҷик аз даҳшати солҳои 90-уми асри гузашта ба мо қиссаҳои дарднок ва аз дилҳои пурармони пиру ҷавонони онҷо хуфта ҳикоят мекунад.
Аз ин рӯ, ҳангоми суҳбату мулоқотҳо бо мардуми ҷангзада, дилшикаста ва аз зиндагӣ дастудил шустаи ватан, Эмомали раҳмон онҳоро ба ояндаи дурахшони ватан даъват менамуд, паси ҳар шом субҳи содиқ ва паси ҳар гиря хандаи беғаш бояд бошад мегуфт ва дар дили мардуми сарсону саргардони ин сарзамин шӯълаи умедро бедор мекард.  Аз ҳар як суҳбату мулоқотҳои оростаи Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми парешонгаштаи тоҷик дар дили онҳо умед бар ояндаи дурахшони кишвар ва ваҳдат офарии ин мардум бедор мешуд. Ин хирадманди ва беҳтарин хислати ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат буд.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дустонро шод гардон, душманонро кур кун.
Ин  садо бар гӯши шунавою муҳаббатофари само расид, ки офтоб бо рушноии оламгираш ба ин мардуми заҳматкашидаву ғамзадаи фозилу хирадманд, аз тухмаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамон бузургмарде, ки давлат офариду ҳанӯз ин миллату ин фарҳангу забонро дар асри 9-10  ҷаҳонӣ карда буд,  фарзона мардеро подшоҳи ин мулк амр кард, то аз пайи ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизаш бошад.
Эмомалӣ Раҳмон, ин амр аз осмон ба замин омада буд, ки мардуми сарбаланд онро дар иҷлосияи тақдирсозашон, яъне Иҷлосияи XY1-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва умеди ба даст овардани ободиву озодӣ, оромиву осоиштагии ин мулки пора-пора гашта интихоб карда, орзуҳояшонро барояш иброз доштанд.
   Аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон музокироти тулонӣ ба хотири тинҷиву амонӣ дар Тоҷикистон идома ёфта, он бо хирадмандӣ ва заковати хоси доштаи Президенти ҷавону хирадманди тоҷик ба имзо расид, ки зиёда аз 40 ҳуҷҷати барои миллат хеле муҳим ба ҳисоб мерафт, ки яке аз онҳо «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд».
Ҳарчанд рӯзҳои ба имзорасии Созишнома гарм буд, он гармӣ аз муҳаббату самимияти тоҷиконаи мардуми шариф зиёдтар мешуд. Мардум бо даъвати Пешвои маҳбуби миллат  ба ватан бармегаштанд, аз пайи суроғи хешу таборашон сар ба кулбаҳои вайронаву валангори онҳо мезанданд, касеро он ҷо пайдо намекарданд. Ҳавлиҳо боғҳо, растаҳо, ҳотаҳо  буйи борут мекард, ин ҷо насими ошно ба суроғи гурезаҳо омада буд, ки гоҳ- гоҳ буйи дӯстро ба димоғ меовард.
Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки дунё дар ҳалқаи оташ қарор дораду мардумаш сарсону саргардон ба хотири як бурда нон, ба хотири оромиву тансиҳатии хонаводагиашон  сарҳадҳоро убур карда ба мулки бегона мераванд, дур аз ватан, аз муҳаббату самимияту вафо ёд надоранд, хандаи беғаши тифлонашонро кайҳо боз орзуманданд. Шукри тинҷиву оромиву амонии ин диёри биҳиштиамонро дорам, ки баъд аз ҳазорсолаҳои беохир боз мардуми ваҳдатпарасту худшинос ба ҳам омада, душманашро, ки қасди парешониву сарсонии ин миллатро дошт, боз ноумед карда огоҳонид, ки ин миллати сарфарозу фарҳангӣ дар қалбҳояшон ҳазор Хуросони дигарро зинда нигоҳ медоранд, арҷ мегузоранд ва мепарастанд. Ин ҳамон чанори шинондаи бобоӣ аст, ки дар қалбҳои хурду бузурги миллати худшиносу огоҳ реша давонда, аз шарёнҳои хуни ин фарзандон безаволу сарсабз аст.
Чун ҷавони 40-сола, марди аз тарбияи тоҷиконаи модари азизаш нерӯи инсонӣ гирифта, бо дуои падару модар ва аҳли ҳамсояву хешу ақрабо ба воя расида, худшиносу ватандор, идора кардани ин сарзаминро бар ӯҳда гирифт, ҷаҳониён ангушти ҳайрат ба даҳон бурда, аз дур тамошобин шуданд, ки чӣ гуна ин ҷавони 40-сола метавонад, як мулки аз дасти душманон сузондашуда ва валангору ноободро обод гардонида, фарзандони сарсону саргардон ва ғарибашро, баҳам биёрад? 
    Бинандагон бехабар аз он буданд, ки ин ҷавони 40-сола аз авлоди шоҳмардҳои бузурги  аҳли Хуросон асту дар ҳастии худ мактаби бузурги Исмоили Сомониро аз ниёгон ба мерос дорад. Агар асри Х барои ин сарзамин ва мардумаш баҷаҳониён ҳамчун асри тиллоӣ муаррифӣ гардида бошад, пас аз 1000 соли дигар боз фарзона марде, бо номи Эмомалӣ Раҳмон тавонист ин мактаби бузурги ниёгонро барқарор намуда, мардумро сарҷамъ сохта ваҳдат биофарад.
Имрӯзҳо шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони азиз поён надорад. Бо самимият ва муҳаббати зиёди ин мардуми сарбаланд, Пешвои муаззами миллат, ҳамоне ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, давлатдории миллиро сохт, кишвари азизамонро аз бумбасти комуникатсионӣ берун овард, иқтисодиётро рушд дод, ҳамоне ки баҳри озодиву истиқлолияти ин сарзамин, ободиву оромии он, Ваҳдату озодиро овардааст, инсоне, ки сар то по тоҷик асту тоҷикона сухан мегуяд, ифтихор дорад, ғуруру сарфарозиҳояш аз ин мулки биҳиштӣ оламиёнро ба тааҷуб овардааст, Президенти маҳбуби кишварамон интихоб шуд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якояки мову Шумо муборак бошад ҳамдиёрони азиз!.
 
Гавҳар Шарофзода
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед