Эмомалӣ Раҳмон- поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад

16 Ноябр 2021, Сешанбе

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.
16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи мо барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».
Таъмини сулҳу ваҳдат сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ - ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу давлати моро ба даст омадааст.
Эмомалӣ Раҳмон поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.         
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу озодиҳо ва овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохтанд, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии Президенти кишвар мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки 30 сол қабл ӯ чун Пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуд. Фарҳанги аз даст рафтаро эҳё бахшиданашон эшонро раҳнамову пешвои миллат сохт. Ин боз як омили муттаҳид гаштани тоҷикони тамоми дунё дар атрофи Сарвари давлати тоҷикон мебошад.
Аз ин рӯ бо рӯзи Президент ҳамагонро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
 
 
Сардори Раёсати технологияҳои иттилоотӣ,
коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашри
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салимов Шарифбек.

Илова кунед