Пешвои саодатгустар ва абармарди давлатофар
16 Ноябр 2021, СешанбеДар кишвари соҳибистиқлолу маҳбубамон – Тоҷикистони азиз имсол санаи фархундаи миллию давлатӣ – Рӯзи Президенти мамлакат шукӯҳу шаҳомати бештар ва ҷилову сафои афзунтар дорад. Зеро ин санаи муборак идомаи пурҷалоли тантанаҳои Ҷашни муқаддаси милламон–30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз фардои нусратёри кишвар ва саодати халқ башорат медиҳад. Бо таҷлили Рӯзи Президент мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар муҳаббату ихлос, самимият, эҳтирому эътимод ва икроми хешро ба Роҳбару Сарвар ва Пешвои маҳбубу саодатгустар, абармарди давлатофари худ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, бо шукронаи ватандорӣ, амнияти оромӣ ва шахсияти ин марди нотакрор, бо қудрату қуввати дучанд, ишқу муҳаббати зиёд кӯшишу ғайрати бештарро равонаи созандагию бунёдкории Ватан месозанд. Аз ин ҷиҳат, таҷлили Рӯзи Президент агар аз як ҷониб ифодаи қадршиносию арҷгузорӣ аз заҳмату фидокорӣ ва қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, аз ҷониби дигар рамзи соҳибдавлатӣ, суботи сиёсӣ, сулҳу созандагӣ ва саодати миллат аст. Чунки дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин фазилатҳои неки миллат ва инсоният таҷассум ёфтааст.
Корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбари давлат интихоб гардиданашон басо ибратомӯз, ибтикорбахш ва сармашқи фаъолият барои аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад. Зеро ин марди шариф ва фарзанди наҷотбахши миллат дар душвортарин рӯзу соат, лаҳзаҳои ҳассос ва сангинтарин марҳилаи таърихи муосири тоҷикон, даврони ҷанги шаҳрвандӣ, замони ҳаёту мамот роҳбар интихоб шуданд. Мусаллам аст, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳар роҳбаре, ки зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳо масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа ба шумор меравад. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ў албатта ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат - Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз баъд аз 23 рўзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мўҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”[1]
Роҳбар на танҳо ба қасамаш содиқ буд, балки ҷиҳати иҷрои он ҳар лаҳза ва пайваста кўшиш карда, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекард. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзанду тифлону навҷавонон гум мезад, ў худро нороҳат ҳис мекард. Ў ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ ором набуд. Дар ҳақиқат қаҳрамон буд, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон аст. Худованд, Табиат, Замона ва Таърих дер ҳам бошад, садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ў фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро дода буд.
Тавре маълум гашт, Пешвои мардумӣ қадам ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рўҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрате дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кутоҳ хомўш созад. Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ў ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар он рўзҳои мудҳиш ба тақдири ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон таъсири дуҷониба дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Маҳз, ҳамин масъалаҳо санги таҳдобии муноқишаҳои сиёсии ҷанги шаҳрвандиро ташкил медоданд, вале баъдан бо рехтани хун ва сангаргириҳои тарафҳо ноаён зери пардаи масъалаҳои ҳарбӣ қарор гирифтанд. Аммо ин муваққатӣ буд, зеро дар шароити мусоид ба миён омадани ин масъала ногузир буд. Чунки барои олам, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои атроф на муноқишаҳо, балки маҳз ҳамин масъала, яъне роҳи ояндаи давлатдории мо ҳанўз ҳам масъалаи аввалиндараҷа буд. Аз ин рў, давлатҳои атроф, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳатто неруҳое, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро огоҳу ноогоҳ доман мезаданд, интизори эълони роҳи интихобкардаи Роҳбари ҷавони давлат буданд.
Интихоби роҳи дурусти таърихии рушди давлат ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи навбатии тақдирсоз барои ҳар миллати дар бунёди давлати хеш камарбаста маҳсуб мешуд. Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибати халқ бо мардуми ҷаҳон аз он мазмун мегирад, нуқтаи ибтидоии ин роҳ ба шумор мерафт. Нуқтаи ибтидоии ин роҳро низ Роҳбари ҷавон дуруст дарёб намуд. Ҳанўз аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омадан Роҳбари давлат ин ҳаққи табиии халқро эҳтиром гузошта таъкид намуд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Дар ин фикр - чанд ҳикмат нуҳуфта. Аввал ин, ки Роҳбар ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ кард. Сониян, ҳамчун роҳбари мардумсолор иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайваст. Солисан, хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ кард.
Сарвари ғамхори давлат мақсад ва вазифаҳои навбатии Тоҷикистонро вобаста ба даъватҳои таърихӣ амиқан дарк ва эҳсос менамуд. Ин буд, ки масъулияти худро барои таъмин намудани хушбахтии мардуми Тоҷикистон дар маросими қасамёдкунӣ ба хотири нишаст дар мақоми Президентӣ бори дигар бар забон оварда, мисли сарварони содиқу вафодори таърих, чун Ҷамшедшоҳ, Анўшервон, Хаммурапи, Осирис, Сезар, Исмоили Сомонӣ, Петри 1 ва дигарон бо номи ҳар фарди Тоҷикистон қасам хўрд, ки тамоми имконоти худро ба хотири хушбахтии ҳар сокини кишвар истифода менамояд. Ў ҳамчун сиёсатмадори моҳир, давлатмарди барҷаста ва шахсияти фавқулода аз рўзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан, на танҳо мушкилиҳои давравӣ ва масъалаҳои ҳалталаби рўзмарра ва замонавии халқро дарк кард, балки тавонист саривақт нерўи зеҳнӣ ва ҷисмонии халқро ҷиҳати рафъи онҳо муттаҳид созад ва Тоҷикистони азизро аз марзи хунини ҷангу куштор ба сарзамини саодату сулҳу шукуфоӣ ва баҳористони созандагӣ мубаддал созад.
Донишманде дар нигоштаҳои худ қайд мекунад “Баъзе инсонҳо аз модар бузург таваллуд мешаванд,баъзеи дигар худро бузург нишон медиҳанд ва баъзеи дигар сипас бузург мешаванд”. Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд,ки аз модар бузург таваллуд шудаанд ва ҳамвора бо бузургиву матонати худ ҳамчун Пешвои миллат халқро ба худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намудаанд. Нияти ў,мароми ў нек буд,ки ҳама ба некӣ анҷомид.
Танҳо чунин шахс ,чунин роҳбар қудрате дошт,ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кўтоҳ хомўш созад. Миллатро сарҷамъ, саодати онро густариш ва давлати нави демоктарию дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона ва соҳибихтиёри Тоҷикистонро асос гузорад. Танҳо ҳамин дастоварди сулҳсозӣ, саодатгустарӣ ва давлатофарии Пешвои муаззами миллатамон басандааст аст, ки ба Ў ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши халқу Ватан ҳамеша арзи эҳтиром намоем.
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ғайрат Азиззода,