Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид гардид
17 Ноябр 2021, ЧоршанбеВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ва вакили мардумӣ Мирзозода Мавлудахон иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни зикргардида бо мақсади мукаммал намудани институти исботкунӣ дар баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки яке аз унсурҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба ҳисоб меравад, таҳия гардидааст.

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 4 илова карда шуда, тибқи он ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми баҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 190 ҳамин Кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бекор нашуда бошад.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.