Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид

19 Ноябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатии кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатси Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Қодири Қосим   баромад намуда, иброз намуд, ки «мехоҳам таъкид намоям, ки ҳалли масъалаҳои обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар қатори дигар комёбиҳо бевосита ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад”.
Пешвои миллат дар баромадҳои худ борҳо қайд менамоянд, ки дар шароити имрӯза зарурият ба беҳтарсозии вазъи обтаъминкуни ва беҳдошти аҳолии мамлакат, хусусан дар давраи паёомадҳои тағйирёбии иқлим ба миён омадааст.

Масъалаи мазкур дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 дар самтҳои ташаккули низоми меъёрию ҳуқуқии идоракунии шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирӣ ҷиҳати таҳким додани иқтидори миллӣ дар қисмати обтаъминкунӣ ва санитарияпурра инъикоси худро ёфтаанд.
Ҳамзамон, ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самтҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро дар ҳалли ин масъалаҳо талаб менамоянд.
Қодири Қосим ҳамчунин иброз намуд, ки дар ҳақиқат, сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб ёфта ҷойи аввалро дар муқоиса бо захираҳои табиӣ, сармояи воқеӣ ва молиявӣ ишғол мекунад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои рушди сармояи инсонӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хусусан обтаъминкунӣ ва беҳдоштро талаб менамояд.
Дарвоқеъ, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.
Аз руи масъалаи рӯзнома, дар назди ҳозирин ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсиддинзода баромад намуда, иброз намуд, ки      масоили дастрасии оби нӯшокӣ дар манотиқи деҳот яке аз масълаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, ин нуқта пайваста зери дастгирии доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030 ва  “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”таъмини аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ мавқеи хосаро ишғол намуда, дар онҳо дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат ҳаматарафа инъикоси худро ёфтаанд.
Солҳои охир масоили дастрасии оби нушокӣ мавқеи хосаро дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуда, дар шарики бо ташкилотҳои маблағгузорӣ ва институтҳои молиявӣ 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 8 млрд сомонӣ татбиқ гардиданд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ гардида, барои беҳтар намудани таъминоти дастрасии оби нушокӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Кушониён, Вахш, Левакант, Балхӣ, Дустӣ, Ҷайҳун-и  вилояти Хатлон равона карда шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 58 миллион доллари ИМА.-ро  ташкил дода, иҷрои корҳо давраи солҳои 2019 -2025– ро дар бар мегирад.
Дар асоси нақша обтаъминкунии 400 000 аҳолии деҳот пешбинӣ шудааст.
Мехостам як нуқтаро қайд намоям, ки амалишавии лоиҳаҳои барқарорсозии инфрасохтори таъминоти оби нушокӣ ва сохтмони шабакаҳои нав дар маҷмӯъ устувории минбаъдаи идора ва истифодаи самараноки онҳоро дар заминаи татбиқи лоиҳаҳо дар бар гирад, то самараи ин кор даҳсолаҳо дар хизмати мардум бошад.

Барои такмили заминаи ҳуқуқии татбиқи лоиҳаҳо Маҷлиси намояндагон қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи сармоягузорӣ”  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки механизми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи бахши хусусиро танзим менамояд.
Муҳокимаи парлумониро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ҷамъбаст намуда, иброз намуд, ки боварии комил дорем, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва дар заминаи таҷрибаи он ҷалби дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ ва бо ин васила ҳалли масоили иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин директори генералии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Табарзода Ҷамшед ва директории Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ Ҷамшед Сатторзода бо ахбороти муфассал баромад намуданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.



 

Илова кунед