Вакилон дар кори ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуданд

19 Ноябр 2021, Ҷумъа

            Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони  Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода дар кори ҷаласаи комиссияи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)  дар реҷаи фосилавӣ ширкат варзиданд.

       Дар рафти ҷаласа иштироккунандагон доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

        Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи комиссияи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ вакилони Маҷлиси намояндагон баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияташон ахбороти муфассал дода, ба таъсисдиҳандагони ин ҷаласа барои ташкили баланд ва фароҳам овардани шароити мусоид ва баргузории ҷаласаи имрӯза ташаккур гӯфтанд.

        Баргузории ҷаласаи имрӯза,-таъкид намуданд вакилони мардумӣ, далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД  мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.

        Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ҷаҳони имрӯзаи муосир  хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд. 

        Ҳамзамон, дар рӯзномаи ҷаласаи  комиссияи мазкур  масъалаҳои мубрами рӯз  баррасӣ гардида аз руи онҳо қарорҳои дахлдор  қабул гардид.

Илова кунед